Таъсиси идрорпулӣ аз ҷониби соҳибкор
Кӯлоб, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов).- Дар шаҳри Кӯлоб соҳибкор, сарвари ҶДММ «Ғайрат» Нуралӣ Ҳасанов бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷиҳати дастгирии маъюбон, ятимон ва оилаҳои камбизоат иқдом гирифт, ки аз ҳисоби даромади холиси ҷамъият дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб барои 20 нафар ва дар филиали Коллеҷи тиббии ноҳияи Муъминобод барои 10 нафар донишҷӯёни болаёқати маъюб, ятим ва камбизоат ба маблағи 50 сомонӣ идрорпулӣ таъсис диҳад. Мақсади пешгирифтаи соҳибкор аз ҷониби ҳукумати шаҳри Кӯлоб дастгирӣ гардида, бо қарори раиси шаҳр идрорпулӣ тасдиқ карда шуд. Дар айни замон шумораи донишҷӯёни идроргиранда аниқ гардида ва онҳо то моҳи декабри соли ҷорӣ бо идрорпулӣ таъмин шуданд. Мутобиқи шартномаи тарафайн ин иқдом то охири соли хониш давом дода мешавад . Соҳибкор ният дорад дар соли оянда вобаста ба меъёри кори ҷамъият ин шумораро боз ҳам зиёд кунад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






