Таъсиси маркази дӯзандагӣ дар Шӯрообод

Декабрь 7, 2013 11:41

Шӯрообод, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар ноҳияи баландкуҳи Шӯрообод як маркази таълимии дӯзандагӣ ба фаъолият шуруъ намуд, ки ин марказ дар ду баст фаъолият намуда, 20 нафар занону духтарони ноҳияро ба омӯзиши касби дӯзандагӣ фаро мегирад. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба истифода додани чунин маркази таълимию дӯзандагиро саривақтӣ арзёбӣ намуда, зикр карданд ки дар айни замон дар ҳудуди ноҳия корҳои сохтмонию навсозии роҳҳои байниноҳиявӣ идома доранд ва ба истифода додани чунин марказ метавонад дар таъмини сохтмончиён бо либоси корӣ мусоидат кунад. Ҳамчунин дар марказ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ либоси мактабӣ медӯзанд.

Декабрь 7, 2013 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш