Таъсиси озмоишгоҳҳои байторӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 14 декабр. (АМИТ Ховар», Сулаймон Холов). — Дар раёсати назорати байтории минтақаи Кӯлоб 400 нафар байтор кор мекунад, ки 200 нафари он соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Бо назардошти афзоиши саршумори чорвои калони шохдор ва моли майда ташвиши байторон бештар гардида ва мекӯшанд вазифаи хешро сари вақт иҷро намоянд. Дар давоми солҳои охир раёсати байтории минтақаи Кӯлоб бо мақсади ба байторон ва аҳолӣ дастрас намудани маводи доруворӣ барои ҳайвони калони шохдор ва моли майда клиникаҳои ветеринариро фаъол гардонид ва дар ин клиникаҳо ҳама намуди доруворӣ мавҷуд буда, шаҳрвандон имкон доранд онҳоро харидорӣ намоянд. Инчунин раёсати мазкур дар ҳамаи бозорҳои шаҳру ноҳияҳои минтақа озмоишгоҳҳои хешро фаъол гардонидааст, ки онҳо сифати маҳсулоти хӯрокаеро, ки ба бозор ворид мегарданд, аз ташхис мегузаронанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






