Татбиқи 23 миллион $ баҳри хизматрасонии тиббӣ
Душанбе, 5 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи байналмилалии рушд оид ба татбики лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»-ро 5 декабр вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба тасвиб расонданд. Руҳуллоҳ Ҳакимов -муовини вазири молияи кишвар, ки ин масъаларо дар назди вакилони Парлумон шарҳ медод, гуфт, ки барои татбиқи лоиҳаи мазкур 23 миллион $, аз ҷумла аз ҳисоби Ассосиатсияи байналмилалии рушд 15 миллион $, аз ҳисоби барномаи Фонди трастии инноватсионии натиҷаи тандурустӣ 4, 8 миллион $ ва аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3, 2 миллион $ ҷудо мешавад. Созишномаи мазкур 20 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи байналмилалии рушд ба имзо расидааст. Ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани вазъи хизматрасониҳои тиббӣ ба зиёда аз 1 миллион аҳолии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Ғончӣ, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ ва Мирсаид Алии Ҳамадонӣ тавассути таъмир ва барқаррорсозии 24 муассисаи тиббии ин навоҳӣ ва мукаммалгардонии инфрасохтори хизматрасониҳои аввалиндараҷаи ёрии тиббию санитарӣ мебошад. Инчунин дар доираи лоиҳаи мазкур барномаҳои омӯзишии 6 моҳа барои баланд бардоштани тахассуси зиёда аз 800 табиб ва ҳамшираи тиббии оилавӣ дар мавриди хизматрасонии аввалияи тиббӣ амалӣ гардонида мешавад.Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2013 оғоз гардида, дар соли 2018 ба фарҷом расонида мешавад. Амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ба рушди соҳаи тандурустии мамлакат ва татбиқи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ҷумҳурӣ барои солҳои 2013-2015» нақши муҳим мебозад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






