Татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба адолати судӣ
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Имрӯз, 10 декабр дар бинои Барномаи рушди СММ воқеъ дар шаҳри Душанбе маросими ба имзо расонидани созишномаҳои Барномаи оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ баргузор мегардад.Назар ба манбаи Барномаи рушди СММ, дар ҷараёни ин чорабинӣ маросими ба имзо расонидани Созишномаи байни Барномаи рушди СММ ва Ҳукумати Финляндия дар бораи татбиқи Лоиҳаи «Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон ба манзури афзун намудани имконоти мардуми Тоҷикистон» ва Созишномаи байни Барномаи рушди СММ ва SDC (СДС) дар бораи роҳандозии даври асосии Лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолати судӣ дар Тоҷикистон» баргузор мегардад. Ҳар ду барнома заминаи таҳияи Барномаи волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ мегарданд. Мақсади асосии барнома иборат аз таҳкими волоияти қонун ва дастрасии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону ҷавонони гуруҳи хатар, занони деҳот ва шахсони имконияташон маҳдуд ба адолати судӣ мебошад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






