Таваллуди духтарча дар хатсайри Маскав -Кӯлоб

Декабрь 26, 2013 11:28

Кӯлоб, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов).- Шаби 23-юм ба 24-уми декабри соли 2013 дар хатсайри Маскав -Кӯлоб дар дохили тайёра як шаҳрванди вилояти Хатлон ба дарди кӯдак гирифтор мешавад. Ҳамшираи шафқат, ки дар тайёра буд, ба модари кӯдак ёрӣ мерасонад ва духтарча таваллуд мешавад. Хушбахтона, дар ин вақт тайёра барои нишаст дар фурудгоҳ омодагӣ мегирад ва баъди нишасти тайёра занро бо мошини «Ёрии таъҷилӣ» ба таваллудхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб мебаранд. Модари кӯдак сокини ноҳияи Ҷилликул Маҳбуба Нормуъминова ва падараш Қобил Нормуъминов будаанд.

Декабрь 26, 2013 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд