Тиҷорати одам ҷиноят аст
Душанбе, 21 декабр.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Чанде қабл дар хобгоҳи рақами 7-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти намояндагони раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Ассотсиатсияи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии «Ҷавонони раванди рушд» ва созмони ҷамъиятии «Нидои дӯстон» бо сокинони ин хобгоҳ баргузор гардид. Бино ба иттилои котиби матбуоти донишгоҳи мазкур Бахтиёри Абдураҳим, ҳадаф аз вохӯрӣ баррасӣ ва маҳкуми яке аз амалҳои нангин ва номатлуб, ки торафт хусусияти ҷаҳонӣ касб мекунад, тиҷорати одамон унвон шуд.Раиси Ассотсиатсияи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии «Ҷавонони раванди рушд» П.Нуриддинова оид ба мушкилоти мазкур маълумоти муфассал ироа карда, аз ҷумла, таъкид дошт, ки мушкилоти хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон солҳои охир рӯ ба афзоиш дорад, аз ин рӯ, тибқи қавонини кишвар ҳар касе, ки ба синни 18 нарасидааст, кӯдак маҳсуб меёбад. Пардохт барои хизматҳои шаҳвонӣ, ки аз ҷониби кӯдак расонида мешавад, ҷиноят аст ва мутобиқи қонун ҷазо дорад. Кўдакон қудрати мустақилона қабул кардани қарорҳои муҳимро надоранд. Бинобар ин, онҳо дар ҳолати осебпазирӣ ҳастанд ва имкон дорад, ки ба истисмор гирифтор шаванд. Дар нишаст, ҳамзамон, зикр гардид, ки агар ҳангоми алоқаи шаҳвонӣ қувва ё таҳдиди истифодаи неру кор фармуда шавад, одамон қурбониёни хариду фурӯш ҳисобида мешаванд. Дар фарҷом донишҷӯён ба суолҳои сершумори хеш посухҳои дақиқу қаноатбахш гирифтанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






