Тими Сафорати Тоҷикистон ғолиби мусобиқа шуд
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Тими Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар мусобиқоти боулинг, ки ба муносибати Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид, ҷойи аввалро ишғол намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳури Туркия хабар доданд.Дар мусобиқа намояндагон аз 20 сафорати кишварҳои хориҷии муқими Анқара ширкат варзиданд. Бояд зикр намуд, ки фаъолияти варзишӣ ҷанбаи фарҳангии ҳар як миллат мебошад ва чунин мусобиқаҳо на танҳо чорабиниҳои фарҳангӣ маҳсуб мешаванд, балки заминаи муносибе барои иртибот миёни шахсиятҳое мебошад, ки бо масоили байналмилалӣ сарукор доранд ва дар ин росто намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия саҳми худро дар таҳкими робитаҳои дӯстона миёни кишварҳо мегузоранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






