Тирамоҳ бо «contact»
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Акнун шаҳрвандони ҷумҳурӣ имкон доранд, маблағҳои худро аз Тоҷикистон ба тамоми кишварҳои дунё бо низоми CONTАCT — АРЗОНТАР ирсол намоянд. Аз ҳисоби тахфифи 100% маблағи ҳаққи хизматрасонии ситонидашуда ба ҳисоби рақами мобилии муштариён гузаронида мешаванд. Тахфиф ҳангоми интиқоли маблағ аз нуқтаи интиқоли маблағҳои бонк-иштирокчии иқдоми мазкур гузаронида мешавад. Тавре ки дар хадамоти матбуоти «Ориёнбонк» иттилоъ доданд, тахфиф ба муштариёни ширкатҳои мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Билайн Тоҷикистон, Вавилон-Мобайл, Tcell, Мегафон Тоҷикистон гузаронида мешавад. Тахфифи 100% ҳангоми интиқоли маблағҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми кишварҳои дунё тавассути нуқтаҳои «Ориёнбонк» амалӣ мегарданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






