Тоҷикписар машъали Бозиҳои олимпии Русияро бардошт
Хоруғ, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Варзишгари тоҷики муқими шаҳри Кемеровои Русия Алидод Исмоилов бо як гуруҳи шахсиятҳои маъруфи соҳаи фарҳангу варзиши ин кишвар машъали Бозиҳои олимпии Сочиро бардошта, онро дар хиебонҳо гардиш дод. Аз миёни шаҳрвандони собиқи шӯравӣ ба Алидод Исмоилов насиб гашт, ки ин машъалро бардорад. Ин ҷавони чилсолаи тоҷик дар деҳаи Сорчи ноҳияи Роштқалъа ба дунё омадааст. Дар Кемерово дар ҳайати тими волейболи «Локомотив»-и Новокузнетск ҳунарнамоӣ карда, ба гирифтани унвони номзад ба Устоди варзиши Русия сазовор гардид. Баъди чанд муддат ба ӯ маоми шаҳрванди ин кишвар дода шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






