Туҳфаи сафорати Ҳиндустон ба табибони Бадахшон

Декабрь 30, 2013 15:29

Хоруғ, 30 декабр.(АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Сафири кишвари Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Кумар Бхаттачарҷи зимни боздид аз шаҳри Хоруғ бо табибони маркази ёрии таъҷилӣ мулоқоти кутоҳ баргузор карда, ба онҳо мошини муосир бо таҷҳизоти зарурӣ туҳфа кард. Сафир дар суҳбат бо табибон гуфт, ки ният дорад дар соли оянда низ ба ин шаҳр сафар кунад ва боз як мошини дигари ёрии таъчилиро ба онҳо туҳфа кунад. Ба баъзе аз бунгоҳҳои тиббии деҳоти дурдаст доруву дармони ройгонро интиқол хоҳанд дод. Сафир ҳамчунин бо раиси вилоят Шодихон Ҷамшед вохӯрда, дар бораи ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор карданд. Ҷаноби Аситх Кумар Бхаттачари гуфт, ки Президенти Тоҷикистон дар сафари охири худ ба Ҳиндустон бо сарони он дар бораи ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию фарҳангӣ шартнома ба имзо расонд ва акнун барои татбиқи бандҳои шартномаи мазкур ҳарду ҷониб талош доранд. Гуфта шуд, ки дар Бадахшон барои рушди риштаи сайёҳӣ захираву имконоти васеъ мавҷуд аст. Танҳо инфрасохтори ин минтақаро бештар тараққӣ бояд дод. Сафорати ин кишвар тасмим гирифтааст дар ояндаи наздик дар маркази вилоят- шаҳри Хоруғ як меҳмонхонаи замонавӣ бунёд кунад. Дар мулоқот оид ба роҳҳои бунёди корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот ва пӯсту пашм мубодилаи афкор сурат гирифт. Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ба сафири Ҳиндустон изҳори сипос намуда, баён дошт, ки онҳо барои татбиқи хама гуна лоиҳаҳое, ки ба рушди иктисодии ин минтақаи дурафтодаи кишвар такон мебахшанд, омода ҳастанд.

Декабрь 30, 2013 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш