Вакилони Маҷлиси Намояндагон дар Туркия
Анқара, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз панҷ нафар бо роҳбарии Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия бо мақсади омӯзиш ва шиносоӣ бо фаъолият ва кори бахши молия ва буҷаи Парлумони Ҷумҳурии Туркия ба шаҳри Анқара омаданд. Ҳайатро вакилон Сафаралӣ Гулов, муовини раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия, Лутфулло Саидмуродов, муовини раиси Кумита оид ба маориф ва фарҳанг, Бег Қурбонов, муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ ва Ашӯрбек Расулов, аъзои Кумита оид ба иқтисод ва молия ҳамроҳӣ мекарданд. Аввалин мулоқоти вакилони тоҷик бо Котиби генералии Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Ирфон Назироғлу баргузор гардид. Дар мулоқот Ирфон Назироғлу гуфт, ки зимни сафар маълумотҳои муфид матраҳ мешаванд. Дар Маҷлис истифодаи технологияҳои муосир,аз ҷумла интернет, торномаҳои иҷтимоӣ, медиа ва хидматрасонии паёмҳои кӯтоҳ(смс) хеле хуб ба роҳ монда шудаанд. Худи ҳамон рўз вохӯрии гуруҳи корӣ бо Левент Кочак, сардори Раёсати таҳлилии Кумита оид ба банақшагирӣ ва буҷет баргузор гардид. Зимни вохўрӣ сардори Раёсат вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро бо кори раёсати худ шинос карда, ба онҳо маълумотҳои муфассалро пешниҳод намуд. Баъдан вохўрӣ бо Ҳасан Феҳмӣ Кинай, раиси Кумитаи муассисаҳои давлатӣ низ баргузор гардид. Раҷабов Сафаралӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба иқтисод ва молия ба Ирфон Назироғлу барои даъват ва имкони баргузор намудани вохўрӣ бо вакилони Парлумони Ҷумҳурии Туркия миннатдории ҳайати вакилони МНМО ҶТ-ро баён намуд. Бо камоли эҳтиром бояд зикр намуд, ки халқҳои тоҷику турк мардуми ҳамдину ҳаммазҳаб буда, фарҳангу таърихи муштараку адабиёт ҳам доранд, ки онро дар мисоли Мавлонои Румӣ метавон дид. Робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистону Туркия таърихи хеле тӯлонӣ доранд. Роҳи бузурги Абрешим дар гузаштаи начандон дури таърихӣ ҳудудҳои кунунии ду мамлакатро ба ҳам пайваста, дар бунёд ва раванди тиҷорат миёни кишварҳои шарқу ғарб нақши босазое бозидааст.Баъди соҳибистиқлол шудани ҶТ,Ҷумҳурии Туркия яке аз авалинҳо шуда, истиқлолияти тоҷиконро шинохта, бо он робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд.Соли 1993 байни ҳукуматҳои ду мамлакат Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратию иҷтисодӣ ба имзо расонда шуд, ки ин иқдом ба рушди соҳаҳои иктисодиёт, савдо, хизматрасонӣ, саноат ва сохтмон дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ дода, барои таҳкими ҳуқуқии шартномавӣ ҷиҳати ҳамкории субъектҳои ду кишвар замина гузошт. То имрӯз 65 созишномаи байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ба имзо расонида шудааст, ки 14- тои он хусусияти иқтисодӣ дорад. Имрўзҳо дар қаламрави Тоҷикистон 53 ташкилоти муштараки тоҷикию туркӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолият мекунанд.Мақсади асосии сафари ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони МО ҶТ- ин омўзиши таҷрибаи босамари Парлумони Туркия дар раванди идораи молияи давлатӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти кумитаҳои буҷетӣ ҷиҳати таҳлили босифати лоиҳаи буҷети давлатӣ ва татбиқи он мебошад. Аз рӯи нақша ҳайати Тоҷикистон гузаронидани якчанд мулоқоту суҳбатҳоро бо намояндагони Парлумони Чумҳурии Туркия, Кумита оид ба буҷет, Вазорати молия, Раиси палатаи ҳисоб ва дигарон, ки дар соҳаи молияи давлатӣ фаъолият бурда истодаанд, дар назар дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






