Ваколати Қ. Расулзода дар Парлумон қатъ гардонида шуд
Душанбе, 17 декабр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Бо қарори иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки дар нимаи дуюми 16 декабр дар Душанбе баргузор гардид, ваколати узви Маҷлиси миллӣ Қоҳир Расулзода пеш аз муҳлат қатъ гардонида шуда, аз мансаби муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бозхонд карда шуд. Ҳамзамон муовини дигари раиси Маҷлиси миллӣ Қодири Қосим ваколаташ пеш аз муҳлат қатъ гардонида шуда, аз мансаби муовини раиси Маҷлиси миллӣ бозхонд гардид. Бояд тазаккур дод, ки Қоҳир Расулзода, ки ҳамзамон раиси вилояти Суғд буд, бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири кишвар таъйин гардид. Узви дигари Маҷлиси миллӣ Қодири Қосим, ки ба ҳайси раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият мекард, бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ таъйин гардид. Инчунин, узви дигари Маҷлиси миллӣ Хайрулло Асоев, ки бо Фармони Президенти кишвар вазири нақлиёти ҷумҳурӣ таъин гардид, ваколаташ дар палатаи болоии Парлумони ҷумҳурӣ пеш аз муҳлат қатъ гардонида шуда, аз ҳайати Кумита оид ба иқтисодиёту коммуникатсияи Маҷлиси миллӣ хориҷ карда шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






