«Варзиш барои ҳама»- барномаи варзишӣ
Кӯлоб, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бо мақсади ҷалби духтарон ба намудҳои гуногуни варзиш, мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни варзишгарон ва дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб мусобиқаи минтақавӣ оид ба волейбол байни ташкилоту идора ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб гузаронида шуд. Мусобиқаи мазкур бо дастгирии Кумитаи миллии олимпӣ ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб доир гардида, ду рӯз идома ёфта, шумораи зиёди мухлисону ҳаводорони ин намуди варзишро ба ҳам овард. Ба иттилои масъулин чунин мусобиқаҳо таҳти барномаи ҳамбастагии олимпии «Варзиш барои ҳама», ки дар моҳҳои ноябр ва декабри ҳамин сол ба нақша гирифта шудаанд, пайваста дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат аз тарафи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






