Вазорати маориф ба омӯзгорон кӯмак намуд

Декабрь 10, 2013 17:05

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрўз бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба омўзгороне, ки дар шаҳри Ваҳдат аз заминларза зарар дидаанд, кӯмаки хайрия расониданд. Тавре ки Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ба омўзгорони зарардида 17 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз, картошка, сабзӣ, орд, шакар, биринҷ, равған ва чой дастрас карда шуд. Хуршед Зиёев, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иброз дошт, ки муроҷиати Вазорати маориф ва илм аҳли кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро бетараф нагузошт ва баҳри дастгирии зарардидагони заминларзаи шаҳри Ваҳдат ба омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр як миқдор маводи хўрокӣ ҳамчун кӯмак дастрас карда шуд.

Декабрь 10, 2013 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад