Вилояти Новосибирск хоҳони ҳамкорӣ бо АМНМ аст

Декабрь 16, 2013 16:21

Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Рӯзи шанбеи гузашта директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров ва муовини ҳокими вилояти Новосибирск Кирилл Колончин масоили ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд. Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, мақсади асосии сафари роҳбари агентӣ ба вилояти Новосибирск иборат аз густариши ҳамкории хадамот бо Раёсати минтақавии мақомоти вилоят мебошад. Дар ҷараёни боздид аз вилояти Новосибирск масоили коҳиш додани ҷинояткориҳои шаҳрвандони ҶТ, ҳамчунин барқарор намудани равобит барои фаъолияти минбаъда аст.Кирилл Колончин дар навбати худ зикр намуд, ки вилояти Новосибирск ҷонибдори ҳамкорӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аст.Имрӯз сафари хидматии ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ ба шаҳрҳои Федератсияи Русия анҷом меёбад. Дар анҷоми сафар ҳайати Агентӣ бо роҳбарии директори он Р.Назаров бо роҳбарони кишвари Красноярск мулоқот анҷом медиҳад.

Декабрь 16, 2013 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд