Вохӯриҳои ҳайати АНМН дар Омск
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовар бо роҳбарии директори Агентӣ Рустам Назаров дар ҳошияи сафари хидматӣ ба шаҳрҳои Федератсияи Русия бо сардори Раёсати Хадамоти федералии назорати маводи нашъаоварии Русия дар вилояти Омск Алексей Тарасов ва роҳбарияти Академияи ВКД Русия воқеъ дар Омск ва иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Юрий Гамбург мулоқот анҷом дод.Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот зикр намуданд, ки ҳукумати вилояти Омск «омодааст, ки якҷоя бо Тоҷикистон зидди паҳншавии маводи мухаддир мубориза барад». Роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар ва иҷрокунандаи ҳокими вилоят, аз ҷумла, зикр намуданд, ки «имрӯз мушкилоти паҳншавии маводи нашъаовар набояд дар сатҳи як давлат ҳал гардад. Ин масъалаест, ки тадбирҳои муштаракро талаб мекунад». Ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ҳамчунин зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти ҷамоаи тоҷикон масоили риояи қонуну тартибот дар ҳудуди вилояти Омскро баррасӣ менамояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






