Вохӯрии Қодири Қосим бо Муҳаммад Зубайр

Декабрь 13, 2013 10:20

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо раиси Шӯрои сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Зубайр 11 декабр дар Душанбе доир гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз кумита иттилоъ доданд, дар рафти мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба дар самти сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба ҷониби Покистон доир ба самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, қонунгузории ҷории танзимкунандаи фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, тавсифномаи кутоҳи лоиҳаҳои самоягузорӣ, имконият ва иқтидорҳои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал манзур шуд. Ҳамзамон аз доираҳои сармоягузорӣ ва соҳибкории Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷиҳати иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд. Раиси Шӯрои сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон перомуни ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, савдо, саноат, сохтмон ҳавасмандӣ зоҳир намуда, пешниҳод намуд, ки муносибатҳои минбаъдаи шарикона миёни ҷонибҳо, хусусан дар самти энергетика тақвият дода шаванд. Дар доираи сафари раиси Шӯрои сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Зубайр ба Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин баргузории вохӯриҳо бо мақомоти давлатӣ вобаста ба соҳаи энергетика ва инчунин боздид аз як силсила иншоотҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Дар фарҷоми вохӯрӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Декабрь 13, 2013 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд