Вохӯрии президенти навини АИТ бо олимони ҷавон ва аспирантон

Декабрь 17, 2013 10:14

Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Нимаи дуюми дирӯз, президенти тозаинтихоби Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов бо аспирантону олимони ҷавон вохӯрӣ намуд.Тавре ки дар ин бора аз Академияи мазкур хабар доданд, ин аввалин вохӯрии олимони ҷавон ва аспирантон бо президенти Академия мебошад, ки онҳо ин мулоқоти рӯ ба рӯро ба манфиати кор ва ҳавасмандии олимон ва аспирантони ҷавон унвон карданд. Дар мулоқот Фарҳод Раҳимов барои баланд бардоштан ва ҳавасманд намудани олимони ҷавону аспирантон дар Академия дар самтҳои «Монографияи илмии беҳтарин», «Мақолаи илмии беҳтарин», «Ихтироот дар илмҳои соҳавӣ», «Беҳтарин кашфиёте, ки дар истеҳсолот ҷорӣ мешавад» ва «Тарғиби дастовардҳои илмӣ дар ВАО» озмун эълон намуд. Гуфта мешавад, ки дар фарҷоми мулоқоти олимони ҷавон ва аспирантон бо Президенти нави Академия, ҳозирин ба хулоса омаданд, ки моҳе як маротиба чунин вохӯрии ошкоро байни раёсат ва аспирантону олимони ҷавони Академия сурат ёфта, ҳамчунин таъсиси «Шўрои олимони ҷавон» низ ба таври ҳамешагӣ ба роҳ монда шавад.

Декабрь 17, 2013 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд