Вохӯрии Сироҷидин Аслов бо Патритсия Флор
Душанбе, 13 декабр.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Патритсия Флор, 12 декабри дар Душанбе баргузор гардид.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, зимни суҳбат доираи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла масъалаҳои ислоҳоти дохилӣ дар соҳаҳои ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, идораи захираҳои об ва муҳити зист, инчунин вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Мусоҳибон доир ба лоиҳаҳои дуҷониба ва минтақавӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд, табодули афкор намуданд. Хусусан зикр шуд, ки мувофиқи барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон 250 миллион евро ҷудо мешавад, ки дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва рушди деҳот амалӣ хоҳанд гашт.Ҳар як ҷониб назари худро доир ба роҳҳои ҳалли қазияи Афғонистон ва инчунин тарзи пешгирии таҳдидҳо ба амну суботи минтақавӣ баён намуданд.Зикр карда шуд, ки гузаронидани давраи дуюми «Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ оид ба амният», ки моҳи майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, айни муддаост. Хонум Флор гуфт, ки ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон босуръат рушд ва Иттиҳоди Аврупо ин гуна шарикиро баланд арзёбӣ менамояд.Дар навбати худ, Сироҷиддин Аслов ба Иттиҳоди Аврупо барои дастгирӣ, ки ба ислоҳоти соҳаи маориф, волоияти қонун, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва таҳкими иқтидори қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон равона гардидааст, миннатдорӣ баён намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






