Вохӯрии судманд дар Қаратоғ

Декабрь 19, 2013 14:52

 Турсунзода, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Раиси шаҳри Турсунзода Бобоалӣ Табаров дар ҷамоати Қаратоғ бо раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, имомхатибон, соҳибкорон ва фаъолони ҷамоат вохӯрӣ намуд.  Раиси шаҳрро дар ин ҷамъомад муовинони раис, прокурори шаҳр ва дигар кормандони сохторҳои қудратӣ ҳамроҳӣ доштанд. Раиси шаҳри Турсунзода нахуст аз мушкилоти мардум, арзу шикоятҳои онҳо пурсон гардид.Чандин нафар аз деҳаҳои гуногун  дар бораи мушкилиҳои ҷойдошта ба раиси шаҳр муроҷиат карданд.
Раиси шаҳр ба масъулин баҳри рафъи камбудиҳо супоришҳои мушаххас дода, мардумро баҳри ободкорӣ, меҳнати софдилона барои рӯёндани ҳосили фаровони пахта, ғалла ва сабзавот даъват намуд. Диққати асосӣ ба тозагии соҳили дарёи Қаратоғ дода шуд. 
Вохӯрии раиси шаҳр ва дигар кормандони мақомоти иҷроия, сохторҳои қудратӣ дар дигар ҷамоатҳо ва маҳаллаҳои шаҳр идома дорад.

Декабрь 19, 2013 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш