Як медали тилло ва як биринҷӣ дар сабқати Осиё ва ҷаҳон
Хоруғ, 27 декабр. (АМИТ”Ховар”, Файз Мирасан).- Аз мактаби гӯштини ВМКБ хушхабар расид, ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин чемпионати Осиё байни ҷавонон аз риштаи гӯштини дзюдо баргузор шуд. Дар он чор нафар дастпарварони мактаби гӯштини ВМБК ширкат варзиданд. Дар вазни то сад килограмм ғолиби чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ Санавбар Шанбиев бар ҳарифон пирӯз омад, вале дар вохурии нимниҳоӣ бар варзишгари ҷопонӣ бой дод ва соҳиби ҷойи ифтихории сеюм ва сазовори медали биринҷӣ гардид. Ҳамчунин дастпарвари мактаби мазкур Хушқадам Хисравов дар мусобиқа аз намуди гӯштини самбо, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, бар ҳамаи рақибон дастболо шуда, соҳиби медали тилло ва унвони каҳрамони ҷаҳон гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






