Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот ба ифтихори Соли Нав
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Назар ба хабари дафтари матбуоти маъмурияти пойтахт, аз 28 то 30 декабр дар бозорҳои шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи арзон доир мегарданд.Ғайр аз ин маъмурияти пойтахт ҳомиҳо ва сохторҳои шахсию давлатиро даъват намуд, ки ба эҳтиёҷмандон дасти ёрӣ дароз кунанд. Дар робита бо ин, чанде пеш мансабдорони пойтахт аз хонаҳои кӯдакони рақами 1 ва 2 – и пойтахт дидор намуданд. «Соли Нав иди дӯстдоштаи мост. Бинобар ин даъват менамоем, ки ба собиқадорони ҷангу меҳнат, интернатҳо ва кӯдакони ятим кӯмак расонида шавад. Маъмурияти пойтахт дар навбати худ дар ин маърака фаъолона иштирок менамояд ва мо кӯшиш мекунем, ки иди солинавиро боз ҳам зеботару гуворотар гардонем», — гуфт зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси шаҳр Санавбар Раҳимова.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






