Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти аввалияи ВКД дар Душанбе
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо мақсади ҳимояи иҷтимоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар шафати бинои вазорат ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ гузаронида шуд.Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст, дар ярмарка маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи марказ — меваю сабзавоти тоза, донагию маҳсулоти ширӣ оварда шуда, бо нархи дастрас нисбат ба бозорҳои пойтахт ба харидорон пешкаш кардаанд.Ёдрас мешавем, ки чунин ярмаркаҳои маҳсулоти аввалия аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии кишвар барои ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо ташкил мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






