Ярмаркаи солинавии Олмон дар Душанбе

Декабрь 6, 2013 11:16

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- 8 декабри соли равон дар ҳудуди Сафорати Олмон дар Душанбе Ярмаркаи солинавии ин кишвар баргузор мешавад. Дар ин бора аз Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ дар ярмарка намунаҳои ширавори солинавии мардуми Олмон, маснуоти косибӣ ва ғайра ба маърази намоиш гузошта мешавад. Намояндаи Сафорати Олмон изҳор дошт, ки маблағи фурӯши маснуоти ярмарка ба кӯдакони хонаи бачагони ноҳияи Шаҳринав тақдим мешавад.

Декабрь 6, 2013 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш