Ёдбуди Ҳайдар Алиев
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар»).- 10 декабр дар шаҳри Душанбе маросими ёдбуди хотираи рахшони ходими намоёни сиёсию давлатӣ, роҳбари умумимиллии халқи озар Ҳайдар Алиев баргузор гардид.Тавре ки аз сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон хабар доданд, Сафири Озарбойҷон Аббосалӣ Ҳасанов аз ҳаёту фаъолият, шахсияти сарвари умумимиллии халқи озар, дар бораи тадбирҳое, ки тайи соли 2013 бахшида ба 90 – солагии зодрӯзи Ҳайдар Алиев андешида шудаанд, нақл кард. Сафир зикр намуд, ки вақтҳои наздик дар бинои сафорат гӯшаи Ҳайдар Алиев созмон дода мешавад. Бо фармоиши сафорат ҳайкалтароши тоҷик Шаҳриёр Мухторӣ нимпайкараи Ҳайдар Алиевро офаридааст, ки дар ҳавлии сафорат гузошта мешавад. Сипас дипломатии Озарбойҷон дар бораи баъзе хислатҳои ин шахси бузург, ки тамоми ҳаёти худро ба таҳкиму рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшидааст, муфассал нақл кард. Сафир Аббосалӣ Ҳасанов дар хотима зикр намуд, ки имрӯз кишвараш бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев сиёсати Ҳайдар Алиевро муваффақона идома медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






