«Ёдномаи академик Раҷаб Амонов»-китоби нав

Декабрь 11, 2013 16:50

Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар». Ҳотам Рабиев).- Нашриёти «Бухоро» китоби наверо бо номи «Ёдномаи академик Раҷаб Амонов» бо теъдоди 500 нусха дастраси хонандагон намуд. Китоби мазкур аз ёддошту хотира ва мақолаҳои илмии донишмандон, ҳамкорон, дӯстону шогирдон ва номгӯи асарҳои илмиву оммавӣ ва бадеии академик Раҷаб Амонов иборат аст.Дар китоб самтҳои гуногуни фаъолияти пурсамари Раҷаб Амонов мавриди баррасӣ қарор гирифта, бештар ба фаъолияти фолклоршиносии ин олими забардаст таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.

Декабрь 11, 2013 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш