Ёрии «Амонатбонк» ба кӯдакони мактаб — интернат
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» — и Тоҷикистон дар арафаи соли 2014 ба мактаб — интернати № 1 ноҳияи Рӯдакӣ дасти ёрӣ дароз намуд.Тавре ки аз «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 25 декабр кормандони бонк ба кӯдакони мактаб – интернати мазкур ба маблағи умумии 8 ҳазору 45 сомонӣ маводи ғизоӣ аз қабили орд, гӯшт, ярма, равған, маснуоти қаннодӣ ва сабзавот тақдим намуда, ба маблағи умумии 22 ҳазору 400 сомонӣ инъомҳои солинавӣ тақдим карданд. «Амонатбонк» аз соли 2007 инҷониб ба мактаб – интернати № 1 ноҳияи Рӯдакӣ мунтазам ёрии моддӣ мерасонад. Хотирнишон месозем, ки дар ин муассиса 1 ҳазору 377 нафар кӯдакон тарбия ёфта, 95 нафари онҳо фарзандони оилаҳои камбизоат, 212 нафарашон фарзандони оилаҳои номукаммал ва 6 нафарашон ятиманд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






