1 миллион ҳолати вайронкунии қоидаҳои роҳҳо

Январь 27, 2014 11:58

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- «Соли сипаригашта дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1 миллион вайронкунии қоида дар роҳҳо ва 1466 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2012 85 ҳолат зиёд аст. Аз ҷумла, садамаҳои нақлиётие, ки боиси марги одамон гардидаанд, 20 ҳолат буда, шумораи ҳалокшудагон 30 нафар ва маҷруҳшудагон 78 нафар зиёд мебошад», -иттилоъ дод муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Бузмаков имрӯз зимни нишасти матбуотии ин вазорат. Дар ин давра аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 3 тоннаву 16 килограмм маводи мухаддир, аз ҷумла. 279 килограмм героин мусодира шуд, ки ин миқдор дар маҷмуъ 46 фоизи маводи нашъадори мусодирашударо ташкил медиҳад.

Январь 27, 2014 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш