11 ҳолати нақзи қонуни танзим дар Душанбею Рӯдакӣ
Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар»).- Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли тақрибан як моҳи соли ҷорӣ 11 ҳолати риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва навоҳии шаҳри Душанбе ба ҳисоб гирифта, нисбат ба қонуншиканон санад тартиб додаву онро ба судҳо ирсол намудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи кумитаи мазкур Афшини Муқим иттилоъ дод. Манбаъ афзуд: «Раёсат таърихи 5-уми январи соли ҷорӣ нисбат ба Ниёзов Маҳмадкарим, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз рӯи моддаи 11 -и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», 12-уми январ бо дастрасии моддаи 11-уми ҳамин қонун нисбат ба сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ Боймирзо Ғаюров, 12-уми январ бо моддаи 8-и қонуни мазкур нисбат ба сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Дилноза Наботова ва корманди тарабхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе Суннат Муниев, 19-уми январ бо моддаи 11-и ин қонун нисбат ба сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Маъруфҷон Мадалиев, 20-уми январ бо моддаи 14-и қонун нисбат ба Нигматуллоев Муҳамад, корманди тарабхонаи «Фараҳноз» ва худи ҳамон рӯз, 20-уми январи соли ҷорӣ нисбат ба сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳафизамо Азизова бо дастрасии талаботи моддаи 10 ва 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба судҳо ирсол дошт».
Бақайдгирии миқдори зиёди ҳолати риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки 20-уми январи соли ҷорӣ раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ аз қонуншиканиҳои ҷиддӣ зимни баргузории ҷашну маъракаҳо дар шаҳр шадидан нигаронӣ намуда, ба масъулини соҳа, аҳли ҷамоат ва васоити ахбори оммаи шаҳрӣ дастур дода буд, то баҳри расидан ба таъмини риояи муқаррароти қонунгузории амалкунанда тадбир андешанд.
Зимнан, дар соли 2013 аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 394 ҳолати нақзи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 72 ҳолат ба шаҳри Душанбе рост меояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






