Қадрдонии варзишгарони беҳтарин дар КМОТ
Душанбе, 24 январ. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).-Имрӯз дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон беш аз 10 варзишгари кишвар ба ҷоизаи «Беҳтарин варзишгари соли 2013» ноил шуданд. Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 10 нафар беҳтарин варзишгарони сол, ки Ассосиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа муайян кардааст, бо мукофотпулии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи миллии олимпӣ, туҳфаҳо ва дипломҳои АЖРВТ сарфароз гардиданд.Гуфта мешавад, ки дар маросими ҷоизасупорӣ Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ҳамзамон ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ дар бораи натиҷаи ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар мавсими соли гузашта гузориш дода, таъкид дошт, ки дар соли 2013 беш аз 1000 варзишгари Тоҷикистон дар 78 мусобиқаи ҷаҳониву Осиё ва байналмилалӣ иштирок карда, 461 медал: 100 тилло, 130 нуқра ва 231 биринҷӣ ба даст оварданд. Ёдрас мешавем, ки ба шумори ин даҳгона гурзандози маъруф Дилшод Назаров, барандаи медали тиллои мусобиқоти байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи “IAAF World Challenge” дар Олмон, паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, Алишер Аҳмадов — қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи кикбоксинг (WAKO)дар Туркия ,Саидҷалол Саидов — қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи гӯштини кураш, Искандари Рустам — барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё оид ба гӯштини озод,Наврӯз Ҷафоев — барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё оид ба бокс,Абдуазим Бойназаров — барандаи медали нуқраи Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазон, Зӯҳро Холова — барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба кикбоксинг (WAKO) дар Туркия, Меҳрангез Алиева — барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ дар машқҳои маҷмӯӣ миёни занон дар Булғористон ва Акмал Қодиров — барандаи ду медали тиллои чемпионати Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ (Тошканд) дохиланд. Дар чорабинӣ ҳамчунин лижарон Алишер Қудратов, ки меъёрҳои муқарраршударо барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочи иҷро кардааст, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






