Қарори КФО: ба ҷойи 16 даста 24 даста
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Конфедератсияи футболи Осиё қарор қабул кард, ки дар марҳилаи ниҳоии мусобиқоти ояндаи қаҳрамонии Осиё ба ҷойи 16 даста 24 даста ширкат хоҳад кард. Тавре ки дар ин бора Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, чунин тасмим дар ҷаласаи Кумитаи баргузории мусобиқоти АФК, ки рӯзи 25-уми январ дар Уммон таҳти раҳбарии Юсуф Ал-Серкал, раиси Ассотсиатсияи футболи Амороти Муттаҳидаи Араб барпо гардид, гирифта шуд. Ба иттилои манбаъ, 8 ғолиби гурӯҳҳо ва 4 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуввум мустақиман ба Ҷоми Осиё -2019 роҳхат мегиранд ва дар давраи дуввуми интихобӣ барои роҳ ёфтан ба Мусобиқоти ҷаҳон-2018 оид ба футбол дар Русия мубориза мебаранд.24 дастае, ки дар давраи аввали интихобӣ ҷойҳои 2-5-умро мегиранд, барои 12 роҳхати боқимонда барои «Ҷоми Осиё-2019» талош мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






