Қочоқи маводи нафтӣ аз кишварҳои ҳамҷавор коҳиш ёфт
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- «Баъди боҷи содиротии гумрукиро бекор намудани Русия тамоюли коҳиш ёфтани қочоқи маҳсулоти нафтӣ аз кишварҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон ба назар мерасад», — гуфт зимни вохӯрӣ бо журналистон муовини аввали сардори Хадамоти гумруки ҶТ Неъмат Раҳматов. Мувофиқи маълумоти мавсуф, вориди бебоҷи маводи сухт ҳанӯз дар охири моҳи ноябри соли гузашта оғоз ёфта буд. То имрӯз тибқи қоидаҳои нав аз Русия қариб 600 ҳазор тонна маводи нафтӣ ба Тоҷикистон расидааст. «Ҳиссаи Русия дар воридоти маводи нафтӣ ба Тоҷикистон то соли 2010 қариб 90 фоизро ташкил дода, баъди ҷорӣ шудани боҷҳои гумрукӣ баробари 40 фоиз коҳиш ёфт», — қайд намуд муовини аввали сардори Хадамоти гумрук.«Гуфтан мумкин нест, ки баъди лағви боҷҳои содиротӣ қочоқи маводи сухт хотима ёфтааст, зеро ҳаҷми андоз ва шартҳои андозгузорӣ дар кишварамон гуногун буда, бинобар ин баъзе иштирокдорони беинсофи фаъолияти хориҷии иқтисодӣ метавонанд ин вазъиятро ба нафъи худ истифода баранд. Вале мо, ки дар ин росто таҷрибаи кофӣ андухтаем, барои ҷилавгирии қочоқи маводи нафтӣ минбаъд ҳам мубориза мебарем», — гуфт Неъмат Раҳматов.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






