Қочоқи маводи нафтӣ аз кишварҳои ҳамҷавор коҳиш ёфт

Январь 23, 2014 16:17

Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- «Баъди боҷи содиротии гумрукиро бекор намудани Русия тамоюли коҳиш ёфтани қочоқи маҳсулоти нафтӣ аз кишварҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон ба назар мерасад», — гуфт зимни вохӯрӣ бо журналистон муовини аввали сардори Хадамоти гумруки ҶТ Неъмат Раҳматов. Мувофиқи маълумоти мавсуф, вориди бебоҷи маводи сухт ҳанӯз дар охири моҳи ноябри соли гузашта оғоз ёфта буд. То имрӯз тибқи қоидаҳои нав аз Русия қариб 600 ҳазор тонна маводи нафтӣ ба Тоҷикистон расидааст. «Ҳиссаи Русия дар воридоти маводи нафтӣ ба Тоҷикистон то соли 2010 қариб 90 фоизро ташкил дода, баъди ҷорӣ шудани боҷҳои гумрукӣ баробари 40 фоиз коҳиш ёфт», — қайд намуд муовини аввали сардори Хадамоти гумрук.«Гуфтан мумкин нест, ки баъди лағви боҷҳои содиротӣ қочоқи маводи сухт хотима ёфтааст, зеро ҳаҷми андоз ва шартҳои андозгузорӣ дар кишварамон гуногун буда, бинобар ин баъзе иштирокдорони беинсофи фаъолияти хориҷии иқтисодӣ метавонанд ин вазъиятро ба нафъи худ истифода баранд. Вале мо, ки дар ин росто таҷрибаи кофӣ андухтаем, барои ҷилавгирии қочоқи маводи нафтӣ минбаъд ҳам мубориза мебарем», — гуфт Неъмат Раҳматов.

Январь 23, 2014 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд