Қурби асъори хориҷӣ каме баланд шуд
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Ҳафтаи ҷорӣ қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме афзуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,9475-4,9658 сомонӣ қарор гирифт. Ҳамчунин дар ин давра қурби миёнаи амалиёт бо рубли русӣ каме паст шуда, 0,1454-0,1464 сомониро ташкил намуд ва бо евро андаке баланд шуда ба 6,6498-6,6758 сомонӣ баробар шуд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, 23 январ қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 4,9700-4,9800 сомонӣ, шаҳри Хуҷанд 4,9700-4,9800 сомонӣ ва шаҳри Қурғонтеппа 4,9500-4,9700 сомониро ташкил намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






