Қурби доллари ИМА тағйир наёфт
Душанбе, 3 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ҳафтаи ҷорӣ қурби доллари ИМА чун ҳафтаи пешин бе тағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,9220-4,9380 сомонӣ қарор гирифт. Вале дар рӯзҳои соли нав қурбҳои миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме паст шуда, мувофиқан ба 0,1478-0,1488 сомонӣ ва ба 6,5300-6,6670 сомонӣ баробар шуданд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, 2 январ, дар ибтидои соли 2014 қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 4,9240-4,9370 сомонӣ, шаҳри Хуҷанд 4,9250-4,9350 сомонӣ ва шаҳри Қурғонтеппа 4,9200-4,9400 сомониро ташкил намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






