Ҳадафи Шўро-татбиқи ғояҳои ваҳдатсоз
Душанбе, 23 январ.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Имрўз ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шўрои куҳансолони он баргузор шуд.Аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа раиси кумитаи иҷроияи ҳаракат Мирзошоҳрух Асрорӣ оид ба самтҳои асосии фаъолияти ин ташкилот ва нақши шўроҳои минтақавии ҳаракат ҷиҳати таҳкими ваҳдату якпорчагии кишвар, сулҳу субот, дўстию рафоқат миёни намояндагони халқияту миллатҳои гуногуни Тоҷикистон, татбиқи дастуру супоришҳо ва ғояҳои ваҳдатсози Президенти кишвар, раиси Шўрои марказии ҳаракат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърўза кард. Баъдан раиси Шўрои куҳансолони ҳаракат Ғайбулло Афзалов нуктаҳои муҳими нақшаи фаъолияти Шўрои куҳансолонро шарҳ дода, зикр намуд, ки барои пешбурди самарабахши корҳо аз ҳисоби аъзои Шўро панҷ бахш созмон дода мешавад, ки онҳо фаъолияти худро дар самтҳои иқтисоду сиёсат, ҳуқуқу илму маориф, ҷавонону занон роҳандозӣ мекунанд. Аъзои Шўро баъди пешниҳоду таклифҳо нақшаи фаъолиятро барои нимсолаи аввал такмил дода, онро қабул карданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






