Ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Челябинск
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бар асари садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Челябински Федератсияи Русия ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Мувофиқи маълумоти номбурда, имрӯз, 17 январ, тахминан соати 7 – и субҳ дар роҳи мошингарди Челябинск – Екатеринбурги ноҳияи Касли бар асари бархурди мошинҳои мусофирбари «Опель» ва «Газель» се нафар ба ҳалокат расиданд, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафараш шаҳрванди Ӯзбекистонанд. Назар ба хабари корманди Намояндагӣ Шоҳназар Табаров, шаҳрвандони ба ҳалокатрасидаи Тоҷикистон сокини деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ Шодиев Шодӣ ва сокини деҳаи Доваи ноҳияи Рашт Раҳмонов Зоҳирҷон будаанд. Алҳол дар маҳалли садама кормандони шуъбаи тафтишоти ноҳияи Каслии вилояти Челябинск кор мекунанд. Назар ба гуфтаи сардори шуъбаи тафтишоти ноҳияи Касли Татяна Куликова, алҳол тафтишот идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






