Ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар соҳаҳои варзишу туризм
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дирӯз, 28-уми январи соли ҷорӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Тоҷикистон Виктор Олегович Никитюк масоили вобаста ба ҷавонон, варзиш ва туризм дар Тоҷикистон ва ҳамкориҳо бо Украина баррасӣ намуданд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот раиси кумита оид ба муносибатҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар сухан гуфта, ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо сафорати Украина дар Тоҷикистон ва ҳамзамон сафорати Тоҷикистон дар Украина дар самти ҷавонон, варзиш ва туризм, инчунин ҳамкориҳо бо кумитаҳои миллии олимпии ҳар ду кишвар ибрози назар намуд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар доираи ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон дар мувофиқаи байниҳамӣ барои имзо омода мебошад.
Бо Украина санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаҳои туризм ва варзиш ҳанӯз соли 2008 ба тавсиб расидааст ва дар ин самт ҳамкориҳо хуб ба роҳ монда шудааст.
Сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Олегович Никитюк даъват ба амал овард, ки дар барномаҳои мубодилаи ҷавонони ҳарду кишвар, ва бештар дар баргузории чорабиниҳо дар соҳаи варзиш ва туризм ҳамкориҳоро ҷоннок намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






