Ҳамкории серсоҳаи Тоҷикистону Беларус
Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 29 январ дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ЧТ Шариф Саид ва Сафири Беларус дар Тоҷикистон Олга Гаврук баргузор гардид.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусоҳибон масоили дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба ҷиҳатҳои рушди равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкории Шӯрои тоҷирони «Тоҷикистон – Беларус» таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
«Солҳои охир муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳои мо босуръат рушду густариш меёбанд», — зикр намуд Шариф Саид.
«Мо мехостем, ки маҳсулоти гуногунамонро ба бозори Тоҷикистон бароварда, ҳамкории байни корхонаҳоямонро минбаъд ҳам мустаҳкам намоем», — гуфт Сафир.
Соли 2013 асоси содироти Беларус ба Тоҷикистонро тракторҳо, шакар, маҳсулоти нафт, тахтаҳои чӯбин, ҳамчунин дорувор, автомобилҳои боркаш ва ҷӯробу пайпоқ ташкил дод. Аз Тоҷикистон ба Беларус нахи пахта, меваи хушк, чормағз, калобаи пахтагин ва либос ворид гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






