Ҳавои Тоҷикистон сард мешавад

Январь 29, 2014 11:24

Душанбе, 29.01.2014. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова).- Охири  ҳафтаи  ҷорӣ  ҳавои  Тоҷикистон якбора  сард  шуда,  аз  31  январ то  1  феврал  ҳарорати  ҳаво  баробари  10 – 12  дараҷа  паст  мефарояд.
 
Назар ба  хабари  Муассисаи  давлатии  ҳавосанҷӣ,  30  январ  дар  водиҳо  ва  минтақаҳои  кӯҳсор  борону барф  шуда,  1  феврал  дар  аксари  минтақаҳои  кишвар   барф  меборад. 
 
30  январ  ҳавои   шаҳри  Душанбе   абролуд  шуда,  борон  меборад. Аз  1  то  3  феврал бориши  барф  дар назар  аст.  Ҳарорати  ҳаво  рӯзона 9 – 12  дараҷа гарм  шуда,  ҳангоми  боридани барф 5 – 7  дараҷа  сард  мешавад.
 
Маркази  ҳавосанҷӣ  огоҳ  менамояд, ки дар  ин  давра  дар  минтақаҳои  кӯҳсор   хавфи  сар задани  сел ба  миён  меояд. 

Январь 29, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш