Ҳимояи рисолаи докторӣ дар синни 80-солагӣ
Душанбе 3 январ. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева)— Нусратулло Каримов муаллифи бештар аз 100 мақолаву воситаи таълимӣ, ду китоби дарсӣ-«Истифодаи сарою мошину тракторҳо» ва «Асосҳои тармими сарою мошину тракторҳо ва масолеҳшиносӣ» мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 3 нафар рисолаҳои илмии хешро дифоъ намудаанд, — зикр шуд дар конфронси илмӣ-амалии «Дастовардҳои навтарини масолеҳи композитсионӣ ва хулаҳо дар соҳаи мошиншиносӣ», ки имрӯз ба ифтихори 80-солагии профессор, устоди факултаи технология ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Нусратулло Каримов баргузор шуд. Тавре ки котиби матбуоти Донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар оғози конфронс, ки бо ширкати меҳмонон аз дигар макотиби олии кишвар ҷараён гирифт, декани факултаи мазкур Гавҳар Мухторова пиромуни фаъолият ва зиндагиномаи Н.Каримов муфассал сухан ронда, саҳми ӯро дар пешрафт ва тараққиёти соҳаи мошинсозӣ арзанда ва чашмрас арзёбӣ намуд. Дар такя бар қавли Гавҳар Мухторова, профессор Н.Каримов натиҷаи заҳмати беш аз 50-солаи хешро ҷамъбаст карда, онро барои ҳимояи рисолаи докторӣ пешниҳод намудааст. Умед аст, ки дар наздиктарин рӯзҳо аз ин боб муждаи нек хоҳад расид.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






