Ҳисоботи роҳбарони Хатлон дар ҳузури Сарвазир
Душанбе, 14 январ (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи ҷамбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2013 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2014 иштирок намуд.Дар оғози ҷаласа раиси вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ оид ба натиҷаҳои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят дар соли 2013 ҳисобот доданд.Қоҳир Расулзода доир ба таҳлили амиқи натиҷаҳои тараққиёт ва мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи хоҷагии халқи вилоят суханронӣ намуда, барои афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, таъмини иҷрои нақшаҳои андоз ва буҷет, дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва ташкили доимии робита бо мардум ба масъулин дастуру супоришҳои катъӣ дод.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






