Ҳодисаҳои вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ

Январь 24, 2014 13:59

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Соли 2013 Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба буҷети давлатии кишвар 3 миллиарду 241 миллион сомонӣ ворид намуд, ки нисбат ба соли 2012 баробари 496 миллиону 300 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Тайи як сол муомилоти савдои хориҷии ҷумҳурӣ 5 миллиарду 301 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2012 баробари 161 миллиону 400 ҳазор доллар зиёд мебошад. Тавре ки муовини аввали раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов ба журналистон хабар дод, дар ин муддат 5 ҳазору 379 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои гумрук ба қайд гирифта, дар бахши ташкили мубориза бо гардиши ғайриқонунии амвол 1064 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои гумрук ифшо гардид. Мувофиқи суханони Неъмат Раҳматов, соли гузашта дар ҷараёни 8 амалиёти муштарак бо мақомоти хифзи ҳуқуқи кишвар 60 килограмму 714 грамм маводи мухаддир мусодира шуда, якчанд пинҳонгоҳи яроқи оташфишон ва лавозимоти ҳарбӣ пайдо гардид.

Январь 24, 2014 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш