Ҳукумат ба истифодаи самараноки замин таваҷҷуҳи хос дорад

Январь 16, 2014 09:09

Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар» Муқаддас Кушакова).- Зимни суханронии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати мамлакат афзуд, ки яке аз роҳҳои самарабахши зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот истифодаи самараноки заминҳои корам мебошад.  Сарвари давлат тазаккур дод, ки дар мамлакат ҳарчанд, ки солҳои охир вазъи истифодабарии замин то андозае беҳтар гардидааст, вале дар фаъолияти баъзе мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бахусус дар бахши заминсозиву меъморӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шахсони алоҳида қонунвайронкуниҳои вобаста ба замин ҷой доранд.Дар ин робита соли 2013 ба 452 адад қарори раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо далели нодуруст ҷудо ва вобаста кардани замин эътирози прокурорӣ бароварда шуд.Ҳамзамон бо ин, нисбат ба ҳолати мазкур 587 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 289 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ барқарор ва зиёда аз 400 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.Дар маҷмӯъ, вобаста ба қонунвайронкунии замин 1806 санади дахлдори прокурорӣ қабул шуда, 2304 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шудааст, ки назар ба соли 2012-ум 80 нафар зиёд мебошад.

Январь 16, 2014 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш