Ҳунарнамоии устодони санъати ҳарбии Ҷопон
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- Дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи дуюми «Будо» баргузор гардид, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон иштирок намуданд. Раиси Кумитаи умури ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов зимни суханрониаш зикр намуд, ки дар кишвари мо иттиҳодияҳои кёкусинкаратэ, дзюдо, айкидо, сумо ва каратэ варзиши тарзи Будоро рушду тарғиб медиҳанд. Дар давраи мавҷудияти Федератсияи дзюдои ҶТ варзишгарони кишвар медалҳои зиёде ба даст овардаанд.Хайрулло Назриев ҳанӯз соли 1994 дар Бозиҳои 12 — уми Осиё аввалин шуда мукофот гирифт. Гӯштингири тарзи дзюдо Расул Боқиев дар мусобиқоти ҷаҳон дар шаҳри Рио – де — Жанейро ва дар Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Пекин медалҳои биринҷӣ ба даст овард. Ғайр аз ин варзишгари ҷавони шаҳри Ваҳдат Адҳам Мисоқов моҳи декабри соли 2013 дар мусобиқоти 7 – уми Осиё соҳиби медали тилло гардид. «Ин ҷашнвора дастоварди назаррасе дар таҳкими дӯстии кишварҳоямон гардида, рамзи сулҳу суботи умум ба шумор меравад», — гуфт Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






