Ҳушдори Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 29.01.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ аз ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони ҶТ хоҳиш менамояд, ки то анҷоми Бозиҳои олимпии зимистона дар шаҳри Сочи фаъолияти меҳнатии худро дар вилояти Краснодар муваққатан қатъ намуда, дар дигар минтақаҳои Федератсияи Русия ҷойи кор пайдо кунанд.
Тавре ки аз Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд бо назардошти амнияти Бозиҳои олимпӣ, мақомоти навоҳӣ ва шаҳрҳои вилояти Краснодар додани ҳуҷҷат барои иҷозаи кор ё патентро то анҷоми ин мусобиқот қатъ кардааст.
Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷират нафароне, ки бе патент ва ё иҷозати кор ғайриқонунӣ вориди ин вилоят мегарданд, ба муддати то се сол аз қаламрави Русия берун карда мешаванд.
Хотиррасон мекунем, ки Бозиҳои олимпиии зимистона дар шаҳри Сочи рӯзҳои 7-21 феврали соли ҷорӣ доир мегарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






