Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солона дар ВМКБ
Хоруғ, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- 11 январи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо ширкати муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва гуруҳе аз намояндагони вазоратҳои кишвар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2013 доир шуд ва дар он таҳияи нақшаву вазифаҳо барои соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед аз боби пешравӣ ва баъзе аз мушкилоти иқтисодӣ сухан ронда, аз намояндагони ҳукумати кишвар хост дар ҳалли онҳо кумаки худро расонанд. Таҳияи нақшаи генералӣ барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар масоҳати 10 гектар дар маҳаллаи Тем, аз боҷи давлатӣ озод намудани маводи сӯхте, ки аз кишвари Қирғизистон ба ноҳияи Мурғоб интиқол дода мешавад, ҳарчи зудтар бунёд кардани пули мошингузар дар маҳаллаи Селхозтехника ва ба ин васила аз байн бардоштани тамба дар роҳҳои мошингарди шаҳр, ифтитоҳи консулгарии давлатҳои Чину Ҳиндустон дар маркази вилоят ва амсоли инҳо аз мавзӯъҳои асосии ҷаласа буданд, ки раиси вилоят онҳоро дар миён гузошт. Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим гуфт, ки ҳангоми масъалагузорӣ ҳатман ба маълумоту оморҳои дақиқ такя кардан зарур аст. Ҳам ҳукумати кишвар ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ ба воқеият таваҷҷуҳи хосса доранд. Қабл аз таҳияи барномаи иқтисодӣ дуруст фикр кардан лозим аст, ки оё баъди бунёди ин ё он корхона ё иншоот натиҷае ҳосил мешавад ё на. Ба гуфтаи муовини Сарвазир Сарвари давлат ба дурнамои иқтисодии Бадахшон назари нек дорад. Баъди ҳалли мушкилоти неруи барқ ва ба кор андохтани сарватҳои зеризаминӣ на танҳо сатҳи зиндагии сокинони вилоят, балки кулли мардуми кишвар хеле боло хоҳад рафт. Бо бунёди неругоҳҳои Себзор, Оқсу ва Санобод масъалаи имкони бунёди корхонаҳои нисбатан калони саноатӣ пайдо мешавад. Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ гуфт, ки ҳамаи таклифу пешниҳодҳои дар ҷаласа ироашуда дар сатҳи вазоратҳо таҳлилу таҳқиқ мешаванд ва ба мақомоти давлатии вилоят пешниҳод мегарданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






