Ҷаласаи коршиносон оид ба коҳиши талабот ба маводи нашъадор
Душанбе, 2 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Гуруҳи кории коршиносон оид ба коҳиши талабот ба маводи нашъадор машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур ҳамзамон намояндагони дахлдор аз Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ширкат варзиданд. Тибқи барномаи ҷаласаи номбурда доир масъалаҳои коҳиши талабот ба маводи нашъадор, аз ҷумла ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, амалигардонии чораҳои қиёсии ҷавобгарӣ барои истеъмолгарони мухаддирот ва ташкили низоми ҳаматарафаи бақайдгирии нашъамандон бо мақсади таъмини дурусти ҳисоботҳои оморӣ дар соҳаи тандурустӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ табодули афкор сурат гирифт.Дар ҷаласа тарафҳо ҷиҳати табодули ахбор оид ба корҳои ба анҷомрасида дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ, махсусан дар байни наврасону ҷавонон қарор қабул карданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






