Ҷаласаи навбатии олимони ҷавон ва аспирантони АИТ
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Идеяи миллӣ аз нигоҳи олимони ҷавон» — бо мақсади баррасии ин мавзуъ 3-юми январи соли равон ҷаласаи навбатии олимони ҷавон ва аспирантони Академияи илмҳои кишвар (АИТ) баргузор гардид.Тавре ки дар ин бора аз АИТ хабар доданд, дар кори ҷаласа президенти АИТ Фарҳод Раҳимов ва директори Институти фалсафа, ҳуқуқ ва шарқшиносӣ ба номи академик Баҳоваддинов Абдулвоҳид Шамолов иштирок намуданд.Оид ба мавзӯи мазкур Дилшод Муллоев — аспирант ва ходими илмии Институти фалсафа, ҳуқуқ ва шарқшиносӣ ба номи академик Баҳоваддинов иброз дошт, ки идеяи миллӣ бояд таҷассумкунандаи тамоми ғояҳои волои инсонӣ бошад ва ӯ ҳамчунин пешниҳод кард, ки ба сифати идеяи миллӣ Маорифпарварӣ қабул шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






